Дар хостинги Navju Cloud якчанд версияи PHP дастрас аст — аз 7.4 то 8.3. Ҳар сайт метавонад дар версияи худаш кор кунад.
\n
Барои чӣ версияро тағйир додан
\n
- WordPress 6.x ба PHP 7.4+ ниёз дорад, 8.0+-ро тавсия медиҳад
- Laravel 10/11 ба PHP 8.1+ ниёз дорад
- Скриптҳои куҳна метавонанд дар версияҳои нав кор накунанд
- Версияҳои нав зудтар ва бехатартар ҳастанд
\n
Чӣ тавр тағйир додан
\n
- Ба cPanel ворид шавед
- Дар Software Select PHP Version-ро пахш кунед (баъзан MultiPHP Manager номида мешавад)
- Дар боло доменро аз рӯйхат интихоб кунед
- Дар Current PHP version рӯйхати афтандаро пахш кунед
- Версияи дилхоҳро интихоб кунед (масалан, PHP 8.2)
- Set as current-ро пахш кунед
\n
Илова: тавсеаҳо ва танзимот
\n
Дар ҳамин бахш:
\n
- Ҷадвали Extensions — модулҳои лозим фаъол/хомӯш кардан (curl, gd, mbstring, intl)
- Ҷадвали Options — тағйири
memory_limit,upload_max_filesize,max_execution_time
\n
Пас аз тағйир
\n
- Сайтро кушоед — кориро санҷед
- Агар хатои 500 пайдо шавад —
error_log-ро дар File Manager бинед - Бо ҳамон тугма дар 30 сония ба қафо баргардонидан мумкин
