Баъзан истифодаи DNS-и беруна қулайтар аст — Cloudflare (CDN+ҳимоя аз DDoS), AWS Route 53 (барои лоиҳаҳои AWS), Google Cloud DNS ва ғайра.
Қадамҳо:
- Дар провайдери DNS-и беруна ҳисоб созед.
- Барои домени худ зона созед ва ҳамаи сабтҳоро (A, MX, CNAME, TXT) интиқол диҳед — вагарна сайт ва почта меафтанд.
- Провайдер NS-и худро медиҳад (масалан барои Cloudflare:
aria.ns.cloudflare.com,reese.ns.cloudflare.com). - Дар кабинет-и Navju Cloud → домени шумо → Nameservers → NS-и провайдерро ворид намуда захира кунед.
- Пропагатсияи DNS-ро интизор шавед (1–24 соат).
Чӣ муҳим аст:
- Пас аз тағйири NS, DNS Management-и кабинети мо барои ин домен кор намекунад — сабтҳо дар провайдери нав мебошанд.
- Зонаи .tj NS-и дилхоҳро иҷозат медиҳад — маҳдудият нест.
- Пеш аз тағйири NS ҳамаи сабтҳои ҷориро нусхабардорӣ кунед, то чизе гум нашавад.
Барои бозгашт — танҳо NS-и моро (ns1/ns2.navjucloud.tj) дар ҳамон саҳифа гузоред.
