Email DNS Checker — асбоби Navju Cloud барои ташхиси танзимоти DNS-и почта. Дар суроғаи tools.navjucloud.tj/email дастрас аст.
\n
Чиро месанҷад
\n
- \n
- MX — куҷо домен почтаро қабул мекунад
- SPF — кадом серверҳо аз номи домен мактуб фиристода метавонанд
- DMARC — сиёсати коркарди мактубҳое, ки SPF/DKIM-ро нагузаштаанд
- TXT — сабтҳои дигар (аз ҷумла тасдиқҳои Google, Yandex ва ғ.)
\n
\n
\n
\n
\n
Чаро муҳим аст
\n
Бе SPF ва DMARC-и дуруст танзимшуда мактубҳои аз домени шумо ба спам мераванд ё умуман нарасида мемонанд. Ин асбоб зуд нишон медиҳад, ки чӣ танзим шудааст ва чӣ намерасад.
\n
Кай лозим мешавад
\n
- \n
- Ҳангоми шикоят «мактубҳо намерасанд» ё «ба спам мераванд»
- Пас аз тағйири провайдери почта
- Ҳангоми танзими почтаи корпоративӣ дар домени худ
- Пеш аз сар кардани рассылка — тасдиқ кардани он, ки DMARC доставкаро намешиканад
\n
\n
\n
\n
\n
Чӣ тавр истифода бурдан
\n
- \n
- Доменро ворид кунед (бе @ ва бе префикси mail)
- «Санҷидан»-ро пахш кунед
- Дар ҳисобот рӯйхати сабтҳои ёфтшуда ва огоҳиҳо оид ба мушкилоти маъмулиро мебинед
\n
\n
\n
\n
Агар почтаи шумо дар домени худ тавассути Хостинги Navju Cloud бошад — мо қиматҳои тайёри SPF ва DKIM-ро дар панел медиҳем. Онҳоро ба минтақаи DNS нусхабардорӣ карда, бо ин асбоб санҷед.
