Агар мактубҳои шумо аз info@example.tj ба папкаи «Спам» дар Gmail, Mail.ru, Yandex афтанд — сабабҳо метавонанд гуногун бошанд:
Рӯйхати масъалаҳо ва ҳалли онҳо:
- SPF танзим нашудааст — TXT-сабт илова кунед (мақолаи алоҳидаи SPF/DKIM/DMARC-ро бинед).
- DKIM танзим нашудааст — дар cPanel → Email Deliverability → Install Suggested Records фаъол кунед.
- PTR (reverse DNS) барои IP-и сервер нест — одатан дар мо танзим аст, тавассути mxtoolbox.com санҷед. Агар набошад — тикет кушоед.
- IP-и сервер дар рӯйхати сиёҳ — дар mxtoolbox.com → Blacklists санҷед. Агар бошад — тикет нависед, мо барои хориҷ шудан кӯмак мекунем.
- Мундариҷаи мактуб «спам аст» — бисёр ҳарфҳои калон, пайвандҳо, калимаҳо мисли «ройгон», «бурд», «зуд». Тавассути mail-tester.com санҷед — холи 0–10 нишон медиҳад.
- DMARC нест — ҳатто сиёсати оддии
p=noneилова кунед, расидани мактубро беҳтар мекунад. - Фиристониши оммавӣ хеле зиёд аз хостинги муқаррарӣ — барои рассылка Mailgun, SendGrid ё хидматҳои монандро истифода баред.
Санҷиши мунтазам тавассути mail-tester.com ва mxtoolbox.com беҳтарин роҳи нигоҳ доштани обрӯ аст.
