Нусхаи захиравӣ (backup) — наҷотгари сайт: ҳангоми вайроншавӣ, сирояткунӣ ё хато ҳамеша баргардондан мумкин аст. Дар Navju Cloud ҳам backup-и худкор ва ҳам дастӣ ҳаст.
Backup-и худкор
Мо ҳаррӯза snapshot-и ҳамаи ҳисобҳо месозем ва 7–14 рӯз нигоҳ медорем (вобаста аз тариф). Барқароркунӣ тавассути тикет имкондор аст.
Backup-и дастӣ тавассути cPanel:
- Ба cPanel ворид шавед → бахши «Files» → Backup Wizard.
- Back Up → Full Backup-ро пахш кунед.
- Email-ро барои огоҳнома нишон диҳед.
- Дар 5–30 дақиқа архив дар Home Directory тайёр мешавад. Тавассути FTP ё File Manager бор кашед.
Барқароркунӣ:
- Тамоми ҳисоб — тикет кушоед, мо аз auto-backup дар 1–2 соат барқарор мекунем.
- Танҳо файлҳо — cPanel → File Manager → .tar.gz-ро бор кунед ва ҷудо намоед.
- Танҳо пойгоҳ — phpMyAdmin → Import → .sql-ро интихоб кунед.
Пеш аз ҳар навсозии калон (CMS, мавзӯъ, плагин) backup-и худро созед.
