Let’s Encrypt — маркази шаҳодатномагузарии ғайритиҷоратист, ки SSL-ро ройгон медиҳад. Дар Navju Cloud дар cPanel сохта шудааст ва худкор фаъол мегардад (AutoSSL).
Чӣ тавр фаъол кардан:
- Ба cPanel ворид шавед.
- Бахши «Security» → SSL/TLS Status.
- Домен ва зердоменҳоеро интихоб кунед, ки SSL мехоҳед.
- Run AutoSSL-ро пахш намоед.
- Дар 1–10 дақиқа шаҳодатнома дода ва насб мегардад.
Чӣ донистан лозим:
- Мӯҳлати шаҳодатнома — 90 рӯз, навсозии худкор 30 рӯз пеш аз ба анҷом расидан.
- Ҳам доменҳои асосӣ, ҳам зердоменҳо, ҳам Wildcard (*.example.tj) дастгирӣ мешаванд — барои Wildcard тасдиқ тавассути DNS лозим аст.
- Шаҳодатнома танҳо вақте дода мешавад, ки домен ба сервери мо ишора кунад (тавассути сабти A).
- Браузерҳо ба Let’s Encrypt ҳамчун шаҳодатномаҳои пулакӣ эътимод доранд — фарқ нест.
Агар AutoSSL кор накунад:
Тафтиш кунед, ки сабти A-и DNS-и домен ба IP-и дурусти сервер ишора кунад. Агар дуруст бошад — тикет кушоед, мо дастӣ медиҳем.
